Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид

Октябрь 5, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқият эътироф шудааст. Чунин гуфта шуд дар маҷлиси тантанавие, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки мо ба ғамхориҳои беандоза ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром мегузорем, зеро Пешвои миллат бо кӯшишҳои пайвастаашон дар ҷумҳурӣ тамоми шароит ва заминаи заруриро барои рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия фароҳам овардаанд.

Мояи ифтихор аст, ки забони миллии мо дар даврони истиқлолият дар партави сиёсати Сарвари давлат дубора эҳё ва дар мақоми таърихии худ устувор гардид.

Дар доираи сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба аҳли илму маорифи мамлакат роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъкидҳои Сарвари давлатро вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва дастгирии иҷтимоии онҳо сармашқи кор намуда, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон устодону кормандонро бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ҳавасманд намуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Октябрь 5, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд