Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмию назариявии «Забон-рукни муҳими давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода изҳор намуд, ки масъалаи ҳифзи забон ва арҷгузорӣ ба волоияти он аз умдатарин омилҳое маҳсуб мешавад.
«Ҳар фарди ҷомеа, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, ҳангоми суханронӣ аз ин сарвати сарвати бебаҳо бояд чунон истифода барад, ки сомеъ аз гуфтори ӯ як ҷаҳон маънӣ бардорад. Зеро забонро беҳуда воситаи муҳими мубодилаи афкор дар ҷомеа нашумурдаанд. Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» иброз намудаанд, «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Таъкид карда шуд, ки забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад. Яке аз муҳимтарин дастовард дар ин роҳ он аст, ки солҳои охир сафи хушсаводон, бахусус сафи онҳое, ки забони адабии имрӯзаи тоҷикро арҷгузорӣ менамоянд, рӯз то рӯз меафзояд.
Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ масъалаи муассирии забони тоҷикӣ дар рушди забонҳои минтақа баррасӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






