Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид

Октябрь 21, 2024 19:12

ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар рӯзи аввали озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз вилоятҳои Суғду, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.

Дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ихтироот ва конструксияҳои коркарднамудаи хонандагон ба намоиш гузошта шуда, ба онҳо аз ҷониби комиссияи салоҳиятнок баҳои муносиб дода шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони касбу кори гуногун аз рӯи ҳафт номинатсия то 26 октябр  баргузор мешавад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Октябрь 21, 2024 19:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид