Дар Донишгоҳи технологӣ вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар партави паёмҳои Президенти Тоҷикистон ҷаласаи васеи омӯзгорон доир шуд

Октябрь 4, 2024 15:15

ДУШАНБЕ, 04.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар партави паёмҳо ва мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ҷаласаи васеи баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода гуфт, ки «омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир яке аз самтҳои авлавиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони имрӯзаи иттилоотӣ танҳо тавассути донистани якчанд забони муоширати байналмилалӣ метавон ба пешрафтҳои илмии ҷаҳонӣ мушарраф гардида, мубодилаи таҷриба ва ҳамкории судмандро бо марказҳои илмии ҷаҳонӣ ба роҳ монд. Ҳамин заруратро ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ва мулоқотҳояшон бо намояндагони аҳли маориф ва илми мамлакат ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии кормандони ниҳодҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд».

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зарурат ва аҳамияти донистани забонҳои хориҷӣ барои омӯзгорон ва мутахассисони ҷавонро бо чунин тарз мушаххас менамоянд:

-идомаи таҳсили омӯзгорону кормандони ҷавон дар зинаҳои магистратура ва докторантураи давлатҳои хориҷӣ тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар чаҳорчӯби созишномаҳои дуҷониба;

-аз дастовардҳои навтарини олимони мамлакатҳои тараққикарда сари вақт огоҳ шудан;

-ҳамкорӣ намудан бо олимони муваффақи давлатҳои хориҷӣ, ки ба дастовардҳои зиёди илмиву техникӣ ноил шудаанд ва дар ин замина пешниҳоди таҳқиқоти илмию амалии ба талаботи замон ҷавобгӯ;

-дар симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, форумҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок намуда, дастовардҳои илмии мамлакатро муаррифӣ намудан;

-нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи байналмилалӣ (бо шумули пойгоҳҳои SKOPUS, Web of Science, EuroPub ва ғ.) ва мутолиаи корҳои олимони хориҷӣ дар забони асл, бе тарҷума;

-муваффақ гардидан ба таҳсил, коромӯзӣ, такмили ихтисос дар доираи барномаҳои табодули омӯзгорону кормандон дар донишгоҳу марказҳои илмии давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ ва ғайра.

Маҳз бо назардошти зарурати воқеии ҷаҳони имрӯза Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ интишор гардид.

Бо мақсади татбиқи амалии Фармони мазкур дар Донишгоҳ барои ҳамаи омӯзгорону кормандон аз 19-уми сентябри соли равон ҳафтае ду маротиба курсҳои омӯзишии ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) бо ҷалби 12 нафар омӯзгорони баландихтисос, ки тариқи шартномавӣ ҷалб карда шудаанд, баргузор гардида истодаанд. Ин курсҳо давоми 9 моҳ идома хоҳанд кард.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

Октябрь 4, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид