Дар Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсад аз баргузории форум муайян намудани самтҳои нави рушди сайёҳӣ ва дастгирӣ дар давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, пешниҳоди ташаббусҳои нави қонунгузорӣ дар ин самт, инчунин фароҳам овардани платформа барои табодули таҷриба ва маълумот дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар форум намояндагони мақомоти давлатии аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва парламент, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коршиносон ва соҳибкорон иштирок мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд






