Дар Душанбе Конфронси 9-уми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ доир шуд

Октябрь 15, 2024 18:17

ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Конфронси 9-уми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар конфронси ҷаҳонӣ олимон, экологҳо, мутахассисони соҳа ва ҷонибҳои манфиатдор аз 20 давлати дунё, аз ҷумла Амрико, Ҳиндустон, Испания, Чин, Муғулистон, Русия, Непал, Туркия, Канада, Фаронса ва ғайра масъалаҳои мубрами марбут ба ҳифзи ҳайвоноти ҷуфтсӯми кӯҳиро баррасӣ намуданд.

Конфронси ҷаҳонӣ барои табодули дониш, муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқот ва таҳияи стратегияҳо барои ҳифз ва идоракунии устувори ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ ва экосистемаҳои онҳо замина фароҳам меорад. Дар конфронс гуфта шуд, ки ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ, ки дар нигоҳ доштани мувозинати экологии экосистемаҳои кӯҳӣ нақши муҳим доранд, бо таҳдидҳои афзоянда, аз қабили аз байн рафтани макони зист, тағйирёбии иқлим, шикори ғайриқонунӣ ва низоъҳои ҳайвоноти ваҳшӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҳадафи конфронс ба ҳалли ин мушкилот тавассути ҳамкории олимон, табиатшиносон ва сиёсатмадорон барои эҷоди стратегияҳои инноватсионӣ ва устувори ҳифзи табиат равона гардидааст. Дар конфронси ҷаҳонӣ доираи васеи мавзуъҳои марбут ба ҳифзи ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ, аз ҷумла омӯзиши таъсири мутақобили экологии онҳо, динамикаи дарранда, сайд ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии муҳити зист баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки тавассути ҳамкории байналмилалӣ конфронс имкон дорад дар таҳияи стратегияҳои глобалии ҳифзи табиат, ки метавонанд барои ҳифзи ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ дар саросари ҷаҳон татбиқ карда шаванд, нақши бориз гузорад. Барои таҳкими чораҳои муҳофизатӣ ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти ҳифзи ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ ҳамкорӣ бояд тақвият ёбад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси 8-уми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ соли 2022 дар парки миллии Гран-Парадисои давлати Италия баргузор гашта буд.

Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокдорони конфронс таҳти унвони «Шомгоҳони Душанбе» сайругашт ташкил карда шуд. Зимни сайри шомгоҳӣ ба меҳмонон ҷойҳои ҷолиб ва таърихии шаҳри Душанбе, аз қабили майдони Исмоили Сомонӣ, Боғи ба номи А.Рӯдакӣ, чойхонаи «Роҳат», «Наврӯзгоҳ» ва дигар биноҳои таърихию фарҳангӣ муаррифӣ шуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 15, 2024 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад