Дар корхонаи «Дион-ангишт-Тоҷикистон» таҷҳизоти нави ангиштканӣ насб мегардад
ДУШАНБЕ, 08.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дион – ангишт- Тоҷикистон», ки ба истеҳсоли ангишт дар кони Моғиёни шаҳри Панҷакент машғул аст, хати нави истеҳсолӣ бо насби таҷҳизоти нав сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин комбайнҳои ангиштканӣ, хати интиқоли ангишт, мошини борбардор, пойгоҳи барқӣ ва дигар таҷҳизот ворид карда шуда, дар айни замон насби онҳо идома дорад.
Баъди насби ин таҷҳизот истеҳсоли ангишт назар ба имрӯз чанд маротиба афзуда, қариб ба сад ҳазор тонна расонида мешавад.
Ангишти истеҳсолшуда дар дохили шаҳр фурӯхта шуда, тибқи шартнома, ба хориҷи мамлакат низ содирот мешавад.
Корхонаҳои саноатии мамлакат барои афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи ангишт ва коркарди он, таъминоти саривақтии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо ангишт, афзоиши ҳаҷми содирот ва истифодаи бештари иқтидор кӯшиш менамоянд.
Бо ин дар рушди иқтисодиёти миллӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд






