Дар Минск масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Игор Назарук мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус иқомат доранд, мавриди муҳокама қарор доданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистону Беларус дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд






