Дар ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкорон наздики 70 километр роҳ мумфарш ва 60 километр сангфарш карда шудааст

Октябрь 27, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақша чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёду навсозии роҳҳо идома дошта, дар ин муддат аз ҷониби соҳибкорон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аллакай наздики 70 километр роҳ мумфарш ва 60 километр сангфарш карда шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ медиҳад.

Аз ҷумла, моҳи сентябри соли равон роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд. Бояд ёдовар шуд, ки вазъи роҳ аз деҳаи Ҳусеншайхи деҳоти Корез то деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шариф нигаронкунанда буд ва ҳамарӯза ронандагону мусофирон аз 8 деҳаи ноҳияи Данғара аз ин роҳ бо мушкилоти зиёд истифода менамуданд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳ сокинони 8 деҳа ё тақрибан 20 ҳазор аҳолӣ барои рафтуомад имконияти бемонеа пайдо намуданд.

Дарозии умумии роҳ 18,5 километр ва паҳноияш 6,2 метрро ташкил намуда, аз хизматрасонии он сокинони деҳаҳои Ҳусеншайх, Лоларух, Булёни боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамини ноҳияи Данғара истифода мекунанд. Ин роҳ барои сокинони чанде аз деҳаҳои ноҳияи Темурмалик ҳам, ки бо он пайвастанд сабукӣ меорад. Ҳамчунин дар роҳ 3 пули нав бунёд гардида, 15 қубури оҳану бетонӣ насб карда шудааст. Дар ҷойҳои аҳолинишин ҷӯйборҳои обгузар гузошта шуда, роҳҳои пиёдагард сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки роҳи мазкур 19 сентябри соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин дар доираи сафари кории Пешвои миллат роҳи деҳаи Сафобахш бо дарозии наздики 4 километр ба истифода дода шуд. Ин тадбири муҳим аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ анҷом дода шуда, равшаннамоии роҳ низ таъмин карда шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкорони ноҳия 6 пули мошингузар бунёд карда шуда, 143 километр роҳ асфалтпӯш ва зиёда аз 310 километр сангфарш карда шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд