Дар шаҳри Ҳамбург ҷашни Меҳргон таҷлил гардид

Октябрь 3, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 03.20.2024 /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик ҷашну маросим ва ойину суннатҳои маъруф ва оламшумули зиёд дорад. Яке аз онҳо ҷашни Меҳргон мебошад. Ин матлаб 28 сентябр дар шаҳри Ҳамбург зимни таҷлили ҷашни Меҳргон баён гардид.

Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш бо ташаббуси Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург, Шлезвиг-Ҳолштайни ва ҷамъиятҳои ҳамзабонон дар ин шаҳр баргузор гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов оид ба ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон ва нақши ин ойини тоҷикон ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ сухан гуфт.

Сафир иброз дошт, ки Меҳргон ҷашне аст, ки бар асоси қонунҳои табиат ва ҷамъоварии ҳосили кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд