Дар шаҳри Гулистон ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ конференсия баргузор шуд

Октябрь 5, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» конференсияи илмӣ – назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.

Дар конференсия иброз гардид, ки забон аз қадимтарин замонҳо то имрӯз муҳимтарин воситаи муошират байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили аслии пешрафти тамаддунҳо мебошад. Қудрати забон – қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушди диалектикии ҳаёти сиёсию фарҳангии он давоми ҳазорсолаҳо мебошад. Забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бе собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пуштибонии сиёсӣ имкони такомул надоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқаддимаи китоби худ «Забони миллат-ҳастии миллат» чунин таъкид намудаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон на танҳо ба ҳифзи асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат намуд, балки барои рушду такомул, густариш ва боло рафтани мақоми он шароити зурурӣ фароҳам овард. Махсусан, хизмату саъю талошҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто беназир аст.

Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1989 қабул шуда буд, маҳз туфайли ғамхории Сардори давлат татбиқ гардид. Вобаста ба қонун ва таҷдиди он дар мулоқот бо зиёиёни ҷумҳурӣ Роҳбари давлат изҳор доштаанд: «Ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони собиқ бо назардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст. Бинобар он барои таҳияи лоиҳаи нави қонун гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки он бояд дар асоси меъёрҳои таърихиву адабӣ, ниёзҳои таҳаввулоти ҷомеа ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ лоиҳаи қонуни навро омода сохта, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ҳадаф аз қабули қонуни нав, пеш аз ҳама, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, таъмини истифодаи фарогир ва густариши ҳамаҷонибаи он дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ мебошад, ки ин амр тақозои воқеияти замон аст».

Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 аз нав қабул гардид.

Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих мебошанд, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузоштанд, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият ва фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

 

Октябрь 5, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд