Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи фалак таҷлил гардид

Октябрь 10, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили бошукуҳи Рӯзи фалак ва ворид шудани номинатсияи «Фалак» ба Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО аз ҷумлаи иқдоми фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки далели арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва эҳёи беҳтарин суннатҳои санъати миллиамон маънидод мегардад. Ин нукта 9 октябр дар ҷамъомади фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи фалак дар шаҳри Ҳисор баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 10 октябр Рӯзи фалак таҷлил мегардад, ки он яке аз мусиқиҳои суннатии мардуми кӯҳистони Тоҷикистон аст.

Дар ҷамъомади фарҳангӣ таъкид гардид, ки дар шаҳри Ҳисор соли 2015 дар назди Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов бо ҷалби овозхонҳои соҳибистеъдод ансамбли «Фалак» таъсис дода шуд. Ҳайати ансамбл дар баргузории ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ нақши назаррас дорад.

Дар ҷамъомад адибон ва ҳунармандон аз таърихи фалаксаройӣ сухан гуфта, таърихи ин жанри воло ва қадимии мусиқии тоҷикро бозгӯӣ намуданд.

Ба як зумра овозхонони ансамбли «Фалак» -и шаҳри Ҳисор Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Октябрь 10, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид