Дар шаҳри Норак 207 гектар боғи анор мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон 207 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 131 гектар ҳосилдеҳ буда, боқимонда боғҳои кӯҳна ва навбунёд мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Оғози ҷамъоварии ҳосили анор аз 5 октябр оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо анори ватанӣ инчунин он ба содирот нигаронида шудааст.
Гуфта шуд, ки соли 2010 аз ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Эрон ниҳолҳои анор барои парвариш оварда шуданд, аммо ба ин минтақа мувофиқ наомаданд. Тамоми боғоти анори ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ниҳолҳои ватанӣ мебошад. Дар ин минтақа асосан ду навъи анор: сафеди мулоимдона ва сурх парвариш карда мешавад.
Дарахти анор сершоху барг буда, то 3 — 4 метр қад мекашад. Аз ҳар бехи анор 3, баъзан то 7 — 9 тана месабзад. Навдаҳояш хордор, баргаш байзашакли нӯгтез буда, дар зимистон мерезад. Аз аввали май то июл гул мекунад. Гулаш сурхи лолагун, кӯзачамонанд ё зангӯлашакл буда, дар нӯги навдаҳои навруста тоқа-тоқа ё тӯда-тӯда ҷой мегирад. Гулҳои нахустинаш калон буда, самар меоваранд. Меваи анор курашакл (қутраш 12 — 18 сантиметр, вазнаш 200—600 грамм, баъзан то 1 килограмм) буда, 400—700 дона дорад. Меваи он асосан моҳҳои сентябр — ноябр мепазад. Анор дарахти гармидӯст ва ба хушкию сармо тобовар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






