Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи фалак барномаи фарҳангӣ баргузор шуд

Октябрь 10, 2024 13:32

ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи фалак имрӯз дар китобхонаи марказии шаҳри Норак барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Президенти Тоҷикистон ба рушди жанри мусиқии фалак пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда сабаб гардиданд, ки Фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад.

Фалак – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик буда, давоми садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон ва аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то замони мо расидааст.

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

 

 

Октябрь 10, 2024 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд