Дар вилояти Суғд беш аз 1600 хоҷагӣ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намудааст
ДУШАНБЕ, 08.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд идома дорад. То 8 октябр 35 429 тонна пахта истеҳсол шудааст, ки 26,3 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Тибқи маълумоти сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, то имрӯз зиёда аз 1600 хоҷагии пахтакор аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта гузориш додааст.
Пахтакорони вилоят ният доранд, ки соли равон бо истифода аз имконияти мавҷуда 134 ҳазору 530 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Ҳамарӯза дар ҷамъоварии пахта беш аз 50 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён иштирок намуда, қариб 3,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Ин ба ҳисоби миёна ба ҳар чинакчӣ 50-килограммӣ рост меояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






