Дар вилояти Суғд намоиш-фурӯши ангишт доир мегардад

Октябрь 31, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии  «Ангишт» ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини дастрасии сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон намоиш-фурӯши ангишт ташкил менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Намоиш-фурӯши ангишт аз 31 октябр то 2 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ашт ташкил мегардад. Сокинон метавонанд аз ин ангишт харида, барои зимистон захира намоянд.

Дар намоиш конҳои истеҳсоли ангишт ин маводро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Октябрь 31, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд