ДОНИСТАН ХУБ АСТ. Чаро ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳавопаймоҳои мусофирбарро ба боркашон табдил медиҳанд?
ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муҳлати хизматрасонии ҳавопаймои мусофирбар метавонад 25-30 сол ва ҳатто бештар аз он бошад. Омили асосӣ дар авиатсия соли ҳавопаймо нест, балки нигоҳубини босифат аст, мегӯянд муҳандисони соҳаи авиатсия.
Пас чаро ҳавопаймоҳои кӯҳнаи мусофирбар ба боркашон табдил дода мешаванд? Шояд ҳавопаймоҳои кӯҳна бехатар нестанд ва аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи ҷони мусофирон ширкатҳои ҳавопаймоӣ онҳоро барои ҳамлу нақли бор иваз мекунанд?
Ҳамаи ин бо мақсади имконпазирии тиҷоратӣ мебошад. Ба андешаи мутахассисони соҳа, модели кунунии кори ҳавопаймоҳои давлатҳои Ғарб корбарии онҳоро мувофиқи ҳолати воқеӣ ба инобат мегирад. Ҳавопаймо ҳар қадар кӯҳна бошад, ҳамон қадар таваҷҷуҳи бештар талаб мекунад ва ин хароҷоти нигоҳдорияшро зиёд мекунад. Ҳавопаймоҳои мусофиркаш, хусусан ҳавопаймоҳои камхарҷ дар як шабонарӯз 6—8 парвоз амалӣ карда метавонанд, вале истифодаи ҳавопаймоҳои боркашон назар ба он хеле кам аст. Дар натиҷа, агар як ҳавопаймои мусофирбар тавонад соатҳои парвозро пеш аз шакли шадиди навбатии нигоҳдории техникӣ давоми якуним сол ҷамъ кунад, пас дар боркашонӣ ин вақт метавонад ду маротиба ё бештар аз он дароз шавад.
Дар интиқоли мусофирон, ки вақти байни парвозҳо 30-60 дақиқаро ташкил медиҳад, ин омил метавонад сабаби хароҷоти иловагӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ гардад. Таъхир дар парвоз бо сабаби хатои одӣ ҳам метавонад ба ҷадвалҳо, парвозҳои пайвастшавӣ ва ғайра таъсири ҷиддӣ расонад. Ҳамчунин ислоҳи нуқсон метавонад соатҳо тӯл кашад, ки дар ин ҳолат ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд ба мусофирон хӯрок ва дар сурати таъхири тӯлонӣ меҳмонхона ва ҷубронпулӣ низ пардохт намоянд.
Барои интиқоли бор ин раванд мувофиқ мебошад, чунки ҳавопаймоҳои боркашон нисбатан кам парвоз анҷом медиҳанд ва дар баъзе мавридҳо дар фурудгоҳ ҳамагӣ ним рӯз меистанд. Аз ин рӯ, эҳтимоли мушкилоти техникӣ ва тағйирёбии ҷадвал хеле камтар ба мушоҳида расида, дар сурати таъхири техникӣ ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мисли таъхири парвози мусофирон хароҷоти зиёд масраф намесозанд.
Ҳангоми маҳдудияти COVID дар бозори боркашонии ҳавоӣ тағйироти назаррас ба амал омад. Операторҳои асосӣ, аз ҷумла DHL ва ASL фоидаи назаррас ба даст оварданд, вале бо норасоии ҳавопаймо рӯ ба рӯ гардиданд. Аз ин лиҳоз, тамоюли табдил додани ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Airbus A321 ба ҳавопаймоҳои боркашон ба миён омад. Ҳамзамон ҳавопаймоҳои васеъ, ба монанди Boeing 777 ва Airbus A330 бештар аз корхона мустақиман барои боркашонӣ фармоиш дода мешуданд.
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳавопаймоҳои мусофирбари кӯҳнаро на аз рӯи бехатарӣ, балки аз рӯи имконияти иқтисодӣ ба ҳавопаймоҳои боркашон табдил медиҳанд. Афзалияти истифодаи ҳавопаймоҳои боркашон дар камтар истифода намудани нигоҳубини техникӣ ва таъсири ҷиддӣ нарасонидан ба ҷадвали парвозҳо мебошад. Ва ин тарзи кор боиси солҳои дароз мавриди истифода қарор гирифтани ҳавопаймоҳои боркашон мегардад.
АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






