Душанбе мизбони форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони парлумонҳо, доираҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳо, дигар бахшҳои дахлдор ва коршиносони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, иштирокчиёни форум мақсади баргузории форумро афзоиши гардиши сайёҳон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳӣ, баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти давлатҳои аъзо, рушди ҳамкории мутақобил ва табодули таҷриба байни мамлакатҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ ва таърихию фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматулло зимни ифтитоҳи форум иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳии мамлакат диққати махсус зоҳир менамояд.


Бо шарофати истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушди бесобиқа ёфта, зарфияти сайёҳии мамлакат дар минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
«Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб шуда, муаррифи таъриху тамаддун, анъанаҳои миллӣ, захираҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвонот мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ давоми даҳсолаҳо, новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд менамояд»,-баён дошт Неъматулло Ҳикматулло.
Иштирокчиёни форум доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ табодули андеша намуданд.


Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод макон ва зарфияти сайёҳии Тоҷикистонро ба иштирокчиёни форум ба таври рӯнамо пешниҳод намуд.
Баргузории чунин форумҳо нишонаи он аст, ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мақом ва манзалати баланд касб намудааст.
«Аксар сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, бештар ба сайёҳии кӯҳнавардӣ ва табобатӣ рӯ меоранд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки борҳо аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ ба даҳгонаи беҳтарин дохил ва макони зебо барои сайёҳӣ эътироф шудааст»,-иттилоъ дод Камолиддин Муминзод.
Алексей Свишов, намоянда аз Федератсияи Русия иброз дошт, ки форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» яке аз форумҳои муҳими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Ин форум намояндагони бахши сайёҳии минтақаҳоро бо ҳам ҷамъ оварда, барои пешрафти соҳаи сайёҳии давлатҳои аъзо шароит фароҳам меорад.
«Ман бори аввал аст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадам, аз дирӯз то имрӯз пай бурдам, ки халқи тоҷик мардуми меҳмоннавоз аст. Аз хӯрокҳои миллии шумо низ тановул кардам, ки хеле болаззат ҳастанд. Ҳоло ки фурсат кам аст, ҳама мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карда наметавонам. Ваъда медиҳам, ки ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон сафар намуда, хусусан ба тамошои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравам»,-иброз дошт Алексей Свишов.
Ёдовар мешавем, ки форум имсол маротибаи чаҳорум баргузор шуда, бори аввал аст, ки дар қолаби берунӣ (яъне дар шаҳри Душанбе) доир гардид.
Дар доираи форум меҳмонон 20 октябр дар ҷашни миллии тоҷикон- Иди Меҳргон иштирок намуда, бо соҳаи кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик шинос мешаванд.
TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» ҳамчун платформаи муттаҳидсозии намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил соли 2019 дар иҷлосияи 23-юми Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар Қасри Таврид — қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ташкил шудааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳир САИД
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




























ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






