КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тариқи он 653 нафар ҷавонони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил доранд

Октябрь 15, 2024 17:53

ДУШАНБЕ, 15.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 40 ҳазор ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 3300 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакатро хатм намуданд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён доштанд.

Таъкид карда шуд, ки аз соли 1997 то имрӯз 3788 нафар хатмкардагони мактабҳои вилоят ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникаву технология ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд.

«Ҳоло 653 нафар ҷавонони вилоят (351 духтар ва 302 писар) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо квотаи президентӣ таҳсил доранд», -изҳор доштанд Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки яке аз иқдоми шоистае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи президентӣ маҳсуб мешавад.

Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷудо шавад. Ва таъкид шуд, ки ин имтиёзро хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ соҳиб шуда метавонанд. Ин ҳам ба тариқи суҳбат (бе имтиҳон) қабул гардидан ба ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Дастур дода шуд, ки нафароне бояд тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобшуда дошта бошанд.

Дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ» аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ин қарор барои танзими минбаъдаи қабули донишҷӯён тибқи квота асос шуда метавонад.

Инак, 27 сол мешавад, ки духтарону писарон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба касбҳои дилхоҳашон дохил шуда, таҳсил менамоянд. Онҳо давоми таҳсил низ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Ҳамчунин барои таҳсили донишҷўёни тариқи квотаи президентӣ дохилшуда шароити хуб фароҳам оварда шуда, онҳо бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин мегарданд.

Ҳамасола раисони шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуда, аз шарту шароит ва таҳсили онҳо огоҳ мегарданд.

Ин иқдоми Сарвари давлат ба боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин гардидани минтақаҳои кӯҳистони мамлакат мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 15, 2024 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд