Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 829,3 миллион сомониро ташкил дод

Октябрь 11, 2024 16:27

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 829,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ҳиссаи он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 32,3 миллион сомонии соли 2000-ум ба 1736,8 миллион сомонии соли 2023 баробар гардид, ки нисбат ба соли 2000 ба ҳисоби миёна 54 баробар афзоиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки рушди соҳаи саноат яке аз омилҳои пешрафти иқтисоди вилоят маҳсуб шуда, дигар соҳаҳо низ вобаста ба он тараққӣ мекунанд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, солҳои охир соҳаи саноат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоюли мусбати рушд дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш чанд маротиба зиёд таъмин шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 145,3 миллион сомонии соли 1991-ум ва 61,8 миллион сомонии соли 1993 ба 214,8 миллион сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд. Суръати рушди он бо нархҳои муқоисавӣ мутаносибан нисбат ба соли 1991 1,5 баробар ва соли 1993 3,5 баробар зиёд шудааст.

Зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот далели он аст, ки сиёсати давлат дар самти афзун намудани занҷири арзиши иловашуда дар асоси баланд бардоштани дараҷаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то маҳсулоти ниҳоӣ дуруст интихоб шуда, амалӣ гардида истодааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи вилоят дар моҳҳои январ-июли соли 2024 ба 126,4 миллион сомонӣ баробар шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 35,5 фоиз ё ба маблағи 33,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ҳамзамон шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 13 адади соли 1991-ум ба 100 адади соли 2023 ва 120 адад ба ҳолати 1 августи соли 2024 расонида шуд. Давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 100 корхонаи нави саноатӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки танҳо соли 2023 18 корхонаи саноатӣ ва давоми 7 моҳи соли 2024 23 корхонаи саноатӣ аз тарафи соҳибкорон дар ҳудуди вилоят таъсис дода шуданд. Истеҳсоли номгӯи маҳсулоти саноатӣ аз 10 номгӯйи соли 1991 ба 65 номгӯй дар соли 2023 баробар гардид.

Самти дигари афзалиятноки вилоят- ин рушди соҳаи гидроэнергетика муайян карда шудааст. Дар айни замон сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа идома дошта, баъди ба анҷом расидани он иқтидори энергетикии вилоят боз ҳам беҳтар мегардад.

Яке аз тавлидкунандаи асосии неруи барқ дар вилоят Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помирэнерҷӣ» ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли неруи барқ соли 2023 ба 205,8 миллион киловатт-соат баробар гардида, мутаносибан нисбат ба соли 1991 1,7 баробар ва нисбат ба соли 1993 2,6 баробар афзоиш ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 126,4 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 35,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 11, 2024 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Словения дар соҳаи иқтисод густариш меёбад
Дар Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ намояндагони беш аз 54 давлат иштирок менамоянд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
Нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба рақамикунонӣ баргузор гардид
Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон ба шарикони рушд муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон бо Швейтсария ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳад
Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид