Намояндаи доимии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии Кумитаи дуюми иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар мубоҳисаҳои умумии Кумитаи дуюми иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумӣ иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид.
Ҷонибек Ҳикмат ба зарурати талошҳои фаврии ҷаҳонӣ барои рафъи камбудиҳо дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 таъкид кард.
Бо таъкиди пешсафии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, Ҷонибек Ҳикмат бори дигар ба аҳамияти Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе ва идомаи истифодаи платформаи «Раванди оби Душанбе» барои пешбарии масъалаҳои об тазаккур дод.
Илова бар ин, Ҷонибек Ҳикмат аз таъйин гардидани Намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба об истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо ӯ дар пешбурди Рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон инчунин оид ба таъсири нигаронкунандаи тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо сухан гуфта, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон дар асри гузашта 30 дарсади пиряхҳо об шуданд. Бо истинод ба татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, барои ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ даъват намуд.
Дар фарҷом Намояндаи доимӣ кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
АКС: Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид






