Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии «Ҳифзи мерос барои субот» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Арманистон дар доираи ҷаласаи 28-уми умумии аъзои Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё конференсияи байналмилалии «Ҳифзи мерос барои субот», ки ба 105-солагии таъсиси китобхонаи миллии Арманистон бахшида шуда буд, доир гардид. Дар он намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври онлайнӣ иштирок намуд.
Тавре дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори конфронс муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода иштирок намуда, омодагии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро барои таҳкими муносибатҳо ва тавсеаи ҳамкорӣ байни ду китобхона ба хотири рушди фарҳанг иброз дошт.
Конференсия мутахассисони варзида ва ҷавони соҳаи китобдорӣ, осорхонашиносӣ, бойгонишиносӣ, самти табъу нашри тамоми ҷаҳонро ба ҳам овард. Дар он платформа барои табодули таҷрибаи ҷаҳонӣ, муаррифии фановариҳои ҷадид, ҳамзамон дар амал татбиқ намудани таҷрибаи меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ, системаҳои назорат ва технологияҳо баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳифзи мероси ниёгон, идоракунии рақамӣ, билиография, менеҷмент, хизматрасонӣ, рушди касбӣ, ҳифзу таъмири ҳуҷҷатҳо ва ҳуқуқҳои муаллиф муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин дар конфронс омода намудани нишони библиографӣ бахшида ба 80-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳон баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 29-уми Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё моҳи майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Удмуртия баргузор мегардад.
АКС: Китобхонаи милли Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






