«ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБИ РӮИ ОЛАМ АСТ». Иқтибос аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон эълон гардидааст. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он идома дорад.
Аз суханрониҳои ҳамешагии Президенти Тоҷикистон бармеояд, ки мақоми омӯзгор дар низоми маорифи миллӣ афзалият дошта, ҷойгоҳи хосеро дар бунёди ҷомеаи солим ва давлати миллӣ соҳиб мебошад. Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, бо заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгорон наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат бо шарофати фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад. Дар зер иқтибосҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз суханрониҳояшон вобаста ба қадру манзалати омӯзгор ва нақши он дар ташаккул ва камолоти инсон пешнииҳод менамоем.
— Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.
***
Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат ва гармии дили худро бе дареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад.
***
Дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид ва имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем.
***
Ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст.
***
Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбӣ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгор мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад.
***
Бо заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат бо шарофати фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад.
***
Мехоҳам ба устодону омӯзгорони муҳтарам хотиррасон намоям, ки ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидқан дӯст доранд, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият дошта бошанд ва бо рафтору кирдори неку намунавӣ эҳтироми боз ҳам бештари аҳли ҷомеаро ба даст оваранд.
***
Иззату обрӯи ҳар шахс, аз ҷумла омӯзгор, дар навбати аввал, аз худаш вобаста мебошад.
***
Давлату Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ имтиёзҳо муқаррар намудааст.
***
Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем.
***
Мехоҳам бо қаноатмандиву сипос хотиррасон намоям, ки омӯзгорону устодони мо ҳамчун қишри фаъолу пешқадами ҷомеа дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он давра содиқона фаъолият намуданд ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштанд.
***
Омӯзгорон рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро бар дӯш доранд ва ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзонанд.
***
Бубинед, ки кӯдак вақте ба мактаб меравад, чӣ қадар ақлу фаҳмиш дорад? Чӣ қадар дониш дорад? Чӣ қадар хондаву навишта метавонад ва дарки ӯ оид ба ҳаёту зиндагӣ дар чӣ сатҳ аст? Тақрибан ҳеҷ! Аммо омӯзгор аз ӯ дар муддати 11 сол як инсони комил тарбия мекунад.
***
Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавии «Ҷавонон-созандагони НБО-и «Роғун»» баргузор гардид
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам будаанд
Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада ҳамкориро густариш медиҳанд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шуро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдӣ дар Москва иштирок намуд
Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи сулҳу оштӣ ва ҳамзистии осоишта ҷавлон мезанад
Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, худшиносӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад»
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе Маркази омӯзиши забони олмонӣ таъсис дода мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли гулкарам ба гирифторони бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна ангиштро дуруст истифода барем, то хатари заҳролудшавиро пешгирӣ кунем?






