Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 4, 2024 09:43

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ намунаи ҳамкории судманди Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд арзёбӣ гардид.

Барои тобовар намудани иқтисодиёти кишвар ба таҳдиду хатарҳо ва ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар табодули андеша сурат гирифт.

Таъмини рушди устувор, хусусан, ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, экология, инкишофи сайёҳӣ, инчунин ташаккули иқтисоди сабз ва идомаи рақамикунонӣ зарур дониста шуд.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим ва шиддат гирифтани пайомадҳои онҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва фишори омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ роҳандозии ислоҳоти муттасил зарур шуморида шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугуйи судманд сурат гирифт.

Октябрь 4, 2024 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд