Робитаи гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Дания фаъол мегардад

Октябрь 29, 2024 14:19

ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Дания мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо зарурати фаъол намудани робитаи гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъкид намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Бо таваҷҷуҳ ба муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Дания тарафҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти қонунгузори ду давлат табодули афкор намуда, зарурати фаъол намудани робитаи гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъкид намуданд.

Зимни мулоқот доираи васеи ҳамкории мамлакат бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо таваҷҷуҳ ба се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои муҳимми қонунгузориро, ки ба амнияти обу энергетика ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, муҳокима намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 29, 2024 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид