«САДОИ ДИЛ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён доир мешавад

Октябрь 9, 2024 13:15

ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 10 октябр бахшида ба Рӯзи Фалак дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Садои дил» Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мақсад аз баргузории фестивал дарёфти истеъдодҳои нав ва намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд дар санъати мусиқии фалаксароӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии фалаксароён, тақвияту ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои фалаксароён, ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши нозукиҳои ин санъат ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар фестивал ҳунармандон ва гурӯҳҳои фалаксароёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли фалаксароёни Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 9, 2024 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид