Сафири Тоҷикистон бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус мулоқот намуд

Октябрь 3, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Анатолий Линевич мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳолати мусбати гардиши мол ва дурнамои рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла мусоидат ба рушди робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ, тақвияти алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ равона гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафҳо ба равобити наздик ва дӯстии байни ду давлат ишора намуда, омодагии муштаракро барои тақвият додани шарикии стратегӣ изҳор доштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 3, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» баргузор шуд
Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Фарҳангу таърихи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид