Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузарро ба истифода дода, бо лоиҳаҳои бинои Қасри фарҳанг ва кӯдакистон шинос шуданд

Октябрь 12, 2024 14:20

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 бо лоиҳаи бинои Қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд.

Дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои дуошёнаи Қасри фарҳанг ва кӯдакистон барои 200 нафар  бунёд мегардад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз рӯи лоиҳа бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Роштқалъа дар масоҳати 2245 метри мураббаъ, ба таври муосир ва бо назардошти унсурҳои хоси миллӣ бунёд шуда, дар ин замина шароити хуби корӣ барои кормандони бахши фарҳанг муҳайё мегардад.

Дар иншооти соҳаи фарҳанг бунёди толор бо 515 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шуда, дар оянда барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Биноҳои қасри фарҳанг ва кӯдакистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бунёд мегардад.

Тибқи лоиҳа бинои душоёнаи кӯдакистон дар масоҳати умумии 2200 метри мураббаъ сохта шуда, дар он синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо лавозимоту аёниятҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, майдонча барои бозӣ ва фароғати кӯдакон, фаввора ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад ва оянда барои насли навраси ин ноҳияи дурдаст шароити хуби таълим фароҳам оварда мешавад.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Хоруғ — Қозидеҳ, Сурхсангов – Ванҷ ва пули мошингузари деҳаи Даштакро ба таври онлайнӣ мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои нави иншооти энергетикӣ, ки дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва Рушон амалӣ мегарданд шинос шуданд.

Хатти интиқоли барқи баландшиддати 110 кВ Хоруғ-Қозидеҳ ва хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 кВ Сурхсангов – Ванҷ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, дарозии умумии он 84,5 километрро ташкил медиҳад.

Бо роҳандозии ин тадбир, сатҳи садаманокӣ дар низоми ягонаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маротиб коҳиш ёфта, сифати барқтаъминкунӣ ба аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим беҳтар мегардад.

Пеш аз ин ба ноҳияҳои вилоят интиқоли барқ тавассути хатҳои 10 кВ сурат мегирифт, ки нокифоя буд. Бо андешидани тадбирҳои зарурӣ хатти интиқоли барқи 10 кВ ба 35 кВ ва 110 кВ иваз карда шуд ва ба ин восита иқтидори интиқол ва сифати таъминоти аҳолӣ  хеле беҳтар шуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар доираи лоиҳаи электрофикатсияи деҳоти Тоҷикистон сохтмони 13 неругоҳи хурди обӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз идома дошта, дар 22 деҳаи ноҳияи Мурғоб панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд.

Ғайр аз ин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд лоиҳаҳои нав, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии Чартем бо иқтидори 14 МВт дар ноҳияи Шуғнон, лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ дар ноҳияи Рушон ва лоиҳаи сохтмони зеристгоҳи 110 кВ дар ноҳияи Ишкошим амалӣ мегарданд.

Пули мошингузар дар деҳаи Даштаки ноҳияи Роштқалъа дар доираи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” бо ҷалби шарикони рушд бо сифати баланд бунёд шуда, ду деҳаро ба ҳам мепайвандад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, он дар муҳлати беш аз 1 сол бо сифати баланду ҷавогӯи талабот мавриди истифода қарор дода шуд.

Дарозии пули навсохт 34 метр ва паҳноияш 6 метр буда, иқтидори борбардории он 40 тоннаро ташкил медиҳад.

Пеш аз ин сокинони деҳаҳои Барҷангал ва Даштак аз ин пули мошингузар, ки вайрону валангор гардида буд, бо мушкилиҳои зиёд истифода мебурданд.

Бунёди пули мошингузар на танҳо мушкилоти рафтуомади сокинонро ба маротиб осон менамояд, балки ба вусъати корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи обии “Себзор” низ мусоидат мекунад.

Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон раванди корҳои иҷрошуда дар сохтмони неругоҳи обии “Себзор” муаррифӣ карда шуд.

Ҳоло бо ҷалби беш аз 500 нафар коргарону мутахассисони ватанӣ корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо ва дигар қитъаҳои иншоот идома дорад.

Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани 3 агрегат, он бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт фаъолият хоҳад кард.

Бо бунёди неругоҳи обии “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтару хубтар хоҳад шуд.

Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии  4 километр роҳи мошингард, инчунин бунёди як мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст.

Баъди ба кор даровардани ҳамаи агрегатҳо дар неругоҳ 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Ба истифода додани хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузар ва шиносоӣ бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар ноҳияи Роштқалъа 12.10.2024

Октябрь 12, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд