Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди санги ҶДММ «Помир Стоун»-ро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 13, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  корхонаи коркарди санги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир Стоун», бо номи Санги Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бунёд ёфта, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар бо кор таъмин буданд.

Барои коркарди санг дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст.

Аз рӯйи лоиҳа иқтидори корхона дар як сол 20 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти санг мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар корхона зиёда аз 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик тибқи нақша дар корхона шумораи коргарон то ба 100 нафар расонида мешавад.

Ашёи хоми корхона аз ҳисоби сарватҳои дохилӣ таъмин гардида, ин раванд муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, омода намудани мутахассисон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаи мазкур изҳор доштанд, ки фаъолияти ин самт аз мутахассисону устоҳо диду завқи баландро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, мутахассисон бояд пайваста донишҳо ва маҳорату малакаи худро сайқал диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид  намуданд, ки ба сифати маҳсулот бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити имрӯза барои сохтмони иншооти таъйиноти гуногун таваҷҷуҳ ба маҳсулот аз санг зиёд аст. Аз ин рӯ, бо дастгирии Ҳукумати кишвар  шумораи чунин корхонаҳо зиёд мегардад. Дар ҳудуди вилоят ин аллакай сеюмин корхонаи коркарди санг ба шумор меравад. Дар миқиёси ҷумҳурӣ  бошад шумораи чунин корхонаҳо ба 16 расидааст.

Зимни боздид аз корхонаи «Санги Бадахшон» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти он диққати махсус доданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона санги хоро ва  ё гранит, ки аз кӯҳҳои Бадахшон гирифта мешавад, мавриди коркард қарор мегирад. Сифати аввалиндараҷаи санги мазкур, қабл аз коркард  аз нигоҳи мутахассисон баланд арзёбӣ мешавад. Аз ин хотир коркарди он ва маҳсулот аз он ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ карда шудааст. Ин аст, ки маҳсулоти санги хорои ин корхона аллакай дар бозори дохилӣ ҷойгоҳи намоён касб намудааст ва таваҷҷуҳ ба он аз хориҷи кишвар низ рӯй ба афзоиш дорад.
Ба истифода додани корхонаи коркарди санги ҶДММ «Помир Стоун» дар шаҳри Хоруғ 13.10.2024

Октябрь 13, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад