Соли 2023 камобтарин сол барои дарёҳои ҷаҳон дар беш аз се даҳсола гардид

Октябрь 8, 2024 11:38

ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши нави Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO), соли 2023 камобтарин сол барои дарёҳои ҷаҳон дар беш аз се даҳсола гардид, ки аз кам будани захираҳои обӣ дарак медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ахбори СММ» хабар медиҳад.

Давоми панҷ соли охир нишондиҳандаҳои ҷараёни об ба дарёҳо аз обанборҳо ва баръакс- ҷорӣ шудани об аз дарёҳо аз меъёр камтар буд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми об барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳо кам гардид. Ҳоло дастрасии 3,6 миллиард нафар ба об давоми як моҳ дар як сол маҳдуд гардидааст. Дар назар аст, ки ин рақам то соли 2050 ба беш аз 5 миллиард нафар расад.

Дар гузориш оид ба «Вазъи захираҳои обии ҷаҳонӣ» гуфта шудааст, ки дар ним асри охир пиряхҳо дар ҳаҷми бузургтарин об шуда, беш аз 600 гигатонн об талаф ёфтааст. Соли 2023 пайиҳам соли дуюм аст, ки дар он ҳама минтақаҳои ҷаҳон, ки дорои пиряхҳо мебошанд, оид ба талафоти ях хабар медиҳанд.

Ҳодисаҳои рухдода асосан ба обшавии фавқулодаи пиряхҳо дар қисмати ғарбии Амрикои Шимолӣ ва Алпҳои аврупоӣ рабт доранд. Пиряхҳои Швейтсария дар ду соли охир тақрибан 10 дарсади ҳаҷми худро аз даст додаанд.

Дар мавриди ҳаҷми қабатҳои барф бояд гуфт, ки баҳору тобистони соли 2023 ин нишондиҳанда дар Амрикои Шимолӣ дар тамоми давраи мушоҳидаҳо (1967-2023) дар сатҳи пасттарин буд.

Ҳарорати баланди ҳаво дар соли 2023 сабаби хушксолиҳои дарозмуддат гардид. Дар саросари ҷаҳон ҳамчунин миқдори зиёди обхезиҳо ба мушоҳида расид.

«Мо бонги хатарро дар шакли бориши шадид, обхезӣ ва хушксолӣ қабул менамоем, ки ба ҳаёти одамон, экосистемаҳо ва иқтисодиёт зарари ҷиддӣ мерасонанд. Обшавии ях ва пиряхҳо ба амнияти дарозмуддати обӣ барои миллионҳо одамон таҳдид мекунанд. Бо вуҷуди ин мо тадбирҳои зарурии фаврӣ намеандешем»,-гуфт Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло.

Ба гуфтаи Сауло, дар бораи вазъи воқеии захираҳои оби ширини ҷаҳон маълумот кам мавҷуд аст. Гузориши Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ бояд ба беҳтар шудани мониторинги ин захираҳо, мубодилаи маълумот ва ҳамкории фаромарзӣ мусоидат намояд. Он ба маълумоти даҳҳо хадамоти миллии метеорологӣ ва гидрологӣ, дигар ташкилот ва коршиносон асос ёфтааст.

Дар гузориш иттилои мукаммалтарини имрӯза дар бораи ҳаҷми кӯлҳо ва обанборҳо, маълумот дар бораи намии хок, инчунин маълумоти муфассал дар бораи пиряхҳо ва қабати барф оварда шудаанд.

АКС: «Новости ООН»

 

Октябрь 8, 2024 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад