Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим

Октябрь 13, 2024 13:40

13.10.2024, ноҳияи Ишкошим

Ҳамватанони азиз!

Ба кулли сокинони ватандӯсту матиниродаи ноҳияи Ишкошим ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – барои истиқболи самимӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳадафи сафари кории мо ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим аз наздик шинос шудан бо вазъи воқеии рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва шароити зиндагии мардум мебошад.

Ҳамчунин, мо то омадан ба ноҳияи Ишкошим тасмим доштем бо вазъи зиндагии сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванди деҳоти Зонг бевосита шинос шавем ва ба онҳо хонаҳои истиқоматии навбунёдро супорем.

Мо дар рӯзи аввали ин ҳодиса супориш додем, ки аҳолии зарардидаро бо маводи ниёзи аввал, аз ҷумла хӯрокворӣ, ҷойи зисти муваққатӣ ва масолеҳи сохтмон таъмин намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат барои онҳо хонаҳои наву замонавӣ бунёд карда шаванд.

Имрӯз оилаҳои зарардида соҳиби манзили истиқоматии нав бо тамоми шароити зиндагӣ ва асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор, инчунин, майдончаи варзиш гардиданд.

Илова бар ин, имрӯз як қатор иншооти навбунёди дигар, аз ҷумла варзишгоҳи муосир бо 4000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд, ки натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва самараи заҳмати сокинони ноҳия мебошанд.

Дар сафари имрӯзаи худ баръало мушоҳида намудам, ки сокинони ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус ба шукронаи фазои орому осудаи кишвар ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ободу зебо гардонидани диёри худ саъю талоши зиёд карда истодаанд.

Сафари қаблии мо ба ноҳия 27 июни соли 2016 сурат гирифта буд.

Дида мешавад, ки дар муддати беш аз ҳашт соли гузашта ноҳия хеле обод ва шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардидааст.

Бинобар ин, ба мардуми заҳматдӯст ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳия, ки дар ободиву пешрафти ин гӯшаи зебои Тоҷикистон саҳм гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Пешбурди сиёсати рушди шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон яке аз афзалиятҳои асосии давлат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати татбиқи он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар заминаи ин сиёсат барои ободонӣ ва рушди ноҳияи Ишкошим дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз як миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин давра, дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва ободу пешрафта гардонидани он 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 106 милион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Лоиҳаҳои зикршуда ба бунёду муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, беҳтарсозии хизматрасониҳои тиббӣ, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмини устувории зидди офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъминоти барқ дар деҳот, нигоҳдории роҳҳои мошингард ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.

Ҳамчунин, дар доираи нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим бунёду таҷдиди 110 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 55 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 50 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бовар дорам, ки бунёду азнавсозии иншооти боқимонда дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамватанони азиз!

Ман ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамеша таъкид менамоям, ки таҳти таъсири вазъияти ҷаҳони имрӯза, хусусан, гармшавии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ ва офатҳои табиӣ масъалаи бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ барои бисёр кишварҳои сайёра ҳоло ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Дар чунин шароит зарур аст, ки захираву имкониятҳои кишоварзии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим пурра ва самаранок истифода карда шаванд.

Мо бояд ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, бозори истеъмолии дохилӣ, яъне мардумамонро бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин намоем ва нагузорем, ки дар вазъи пешгӯинашавандаи бозорҳои ҷаҳонии молу маҳсулот сокинони кишварамон ба танқисӣ рӯ ба рӯ гарданд.

Ноҳияи Ишкошим бо табиати зебову нотакрор, заминҳои ҳосилхез ва мардуми заҳматқаринаш дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо меваю сабзавоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тоза саҳми арзишманд дорад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия сол ба сол рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 9 миллион сомонии соли 2000-ум ба 104 миллион сомонӣ дар соли 2023 расидааст, яъне қариб 12 баробар зиёд шудааст.

Зарур аст, ки роҳбарияти ноҳия, мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳия раванди афзоиши истеҳсоли маҳсулотро минбаъд низ вусъат дода, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд.

Шумо дар саргаҳи об қарор доред ва бояд аз ин имконияти мусоиди табиӣ ҳарчи бештар истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоед.

Ноҳияи Ишкошим барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар дорои имкониятҳои бузург, аз қабили захираҳои меҳнатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ мебошад.

Бунёд намудани корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва дар онҳо ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, яъне рушди минбаъдаи ноҳия мусоидат менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ишкошим соли 2023 ба 5,4 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум якуним баробар зиёд мебошад.

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия афзоиши истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз таъмин кардаанд.

Имрӯз мо корхонаи коркарди ангати Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Гулчеҳра – 80»-ро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти он шинос шудем.

Вале бояд гуфт, ки ҳоло дар ноҳия ҳамагӣ 10 коргоҳу корхона фаъолият дорад, ки ин шумора ҳанӯз нокифоя аст ва ба ҳадафи саноатикунонии кишвар ҷавобгӯ нест.

Зеро ноҳияи Ишкошим дорои захираҳои бойи табиӣ, аз ҷумла гиёҳҳо ва обҳои шифобахши маъданӣ, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, мармар, талк, литий ва дигар канданиҳои фоиданок мебошад.

Аммо то имрӯз коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз онҳо ба роҳ монда нашудааст, ки андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо менамояд.

Зарур аст, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геология ва дигар сохторҳои марбута тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ дар ноҳия Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» таъсис дода шудааст.

Бо вуҷуди он ки минтақаи мазкур ҳанӯз соли 2010 таъсис дода шудааст, то ба ҳол ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди он ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои саноатии истихроҷ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми маҳаллӣ, хусусан, захираҳои табиии ноҳияи Ишкошим чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳамчунин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия сабабҳои ба таври зарурӣ фаъолият накардани Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»-ро ҳамаҷониба таҳлил карда, барои бартараф сохтани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ишкошим дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 105 миллион сомонӣ 6 иншооти энергетикӣ бунёду таҷдид гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

Мо дирӯз дар ноҳияи Роштқалъа хатти интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолтаи «Хоруғ – Қозидеҳ»-ро, ки аз ҷумлаи корҳои ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифташуда мебошад, ба истифода додем ва бо ҷараёни корҳои бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шудем.

Лоиҳаҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии таъминоти сокинони ноҳияи Ишкошим бо неруи барқ ва устувории низоми интиқоли он дар шабакаҳои барқи вилоят аҳаммияти хеле калон доранд.

Бунёди роҳҳо ва инфрасохтори муосири нақлиётӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ, ҷойҳои нави корӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷиву дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияи Ишкошим заминаи мусоид фароҳам месозад.

Дар даҳ соли охир барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудаанд.

Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, бо истифода аз табиати зебову нотакрор, обҳои мусаффо, мавҷудияти чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Ширгин, Зонг, ҳайвоноти нодир ва дигар имкониятҳои мусоиди ноҳия таъмин намудани рушди сайёҳии экологӣ, табобатӣ ва шикор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии ноҳия татбиқи Барномаи рушди сайёҳии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2024 – 2026-ро ҷоннок намуда, дар заминаи он лоиҳаҳоеро таҳия ва роҳандозӣ намоянд, ки ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшида тавонанд.

Ҳамватанони азиз!

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ишкошим 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 2220 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони 7 бинои таълимии дигар барои 1100 ҷойи нишаст идома дорад.

Мо имрӯз ду муассисаи таълимиро бо 930 ҷойи нишаст ва бо беҳтарин шароит барои омӯзиши илму дониш ба истифода додем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 2130 нафар фарзандони мардуми ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла қариб 1100 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм кардаанд.

Аз соли 1997, яъне соли ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ то имрӯз 509 нафар ҷавонони ноҳия, аз ҷумла 314 нафар духтарон бо истифода аз ин имконият соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Соли 2024 тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз ноҳия 19 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳоло аз ноҳияи Ишкошим танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 36 нафар, аз ҷумла 26 нафар тибқи квотаи президентӣ ва дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

Ҳамзамон бо ин, дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ 82 нафар ва дар дигар коллеҷҳо 117 нафар донишҷӯён аз ноҳия таҳсил карда истодаанд.

Умуман, бояд гуфт, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ 1017 нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишварро хатм карда, ҳоло дар муассисаҳои тиббии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон, инчунин, дар давлатҳои дигар фаъолият доранд, ки садҳо нафари онҳо фарзандони мардуми ноҳияи Ишкошим мебошанд.

Аҳсан ба падару модароне, ки чунин фарзандони боистеъдоду қобилиятнокро ба камол расонидаанд!

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки дар соҳаи маорифи ноҳия як қатор мушкилоти ҳалталаб, аз ҷумла иҷрои пасти Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025 (ҳамагӣ 20 фоиз), дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани 7 муассиса ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани 11 муассисаи таълимӣ ҷой доранд.

Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки барои бартараф намудани мушкилоти зикргардида чораҳои амалӣ андешанд.

Ҳамватанони азиз!

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам таъкид намоям, ки вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарону масъулин, соҳибкорон, фаъолони ҷомеа, аҳли маориф, зиёиён ва падару модарон дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир нисбат ба ҳар вақти дигар талошу кӯшиш кардан ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила мебошад.

Яъне мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар бештар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан, дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ таъсис диҳем ва барои ҳамдиёрони худ ҷойҳои нави корӣ муҳайё намоем.

Инчунин, мо вазифадорем, ки ба хотири ояндаи орому осудаи ҷомеа фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, ба онҳо барои азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар шароиту имконият муҳайё кунем.

Мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, Ватанамонро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст дорем, ҳамеша сарҷамъу муттаҳид ва дастгиру ғамхори якдигар бошем.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Ишкошим, яъне сокинони яке аз гӯшаҳои бостонии сарзамини тоҷикон минбаъд низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ба хотири пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва дар ояндаи наздик диёри худро боз ҳам обод месозанд.

Ба хурду бузурги ноҳия ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – хушбахтиву хушрӯзӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, хамдиёрони азиз!

Октябрь 13, 2024 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад