ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, якшанбе, 287-умин рӯзи соли 2024 аст
13 октябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кондолиза Райсро, ки бо сафари корӣ дар давлати мо қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
***
10 сол пеш, 13 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳо бахшида ба 19-солагии ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуданд.
***
13 октябри 2016 дар шаҳри Ереван Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Арманистон Серж Саргсян масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистонро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои рушди ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баррасӣ гардид.
***
Соли 2018 Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
***
13 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
***
13 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуданд.
***
13 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Русия мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
13 ОКТЯБР:
Рӯзи умумиҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ.
***
Дар Озарбойҷон -Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Парда Қосим -соли 1947 — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2001).