ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2024 аст
5 октябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
Соли 2018 дар Токио сатҳу сифати муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонид.
***
5 октябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар он 75 ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус иштирок намуданд.
5 ОКТЯБР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Рӯзи забони давлатӣ.
***
Рӯзи байналмилалии кормандони кофтукови ҷиноӣ.
***
Дар Португалия рӯзи ташкили ҷумҳурӣ.