Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид

Октябрь 8, 2024 16:52

ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИМТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла USAID дар соҳаи энергетика ва захираҳои об дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини ёвари роҳбари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) хонум Анҷали Каур дар Душанбе баррасӣ шуд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иброз намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обию энергетикӣ, аз ҷумла энергияи «сабз» буда, беш аз 60 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Дар анҷом ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобилан судманди босамар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 8, 2024 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд