35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз 950 иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд 600 адади он бунёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 13.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёду навсозии беш аз 950 иншооти соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 600 адади он бунёд гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Сохтмони бинои нави таълимии факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дошта, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бино ошхона, хобгоҳ, 17 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ барои 500 нафар ва утоқҳои корӣ сохта мешаванд.
Ҳамчунин дар маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд бинои нави Суди вилояти Суғд пешбинӣ гардидааст.
Ин бино аз 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ барои кормандони мақомоти Суди вилоят фароҳам оварда мешавад.
Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида бунёд мегардад.
Ҳамчунин бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд аз 7 ошёна иборат буда, пудратчии он ширкати «Бунёд-1» мебошад.
Дар шаҳри Хуҷанд ба пешвози ин ҷашни фархундаи миллӣ ободонию созандагӣ, сабзазор ва гулзоркунӣ вусъат меёбад. Дар ин кор соҳибкорону аҳолӣ низ саҳми муносиб гузошта, дар ҳар мавзеи шаҳр дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ шинонидаанд, ки ба атроф зебу зиннат мебахшанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд






