Баррасии рушди ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ бо Арабистони Саудӣ
ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёз вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати роҳбарии Вазорати сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрӣ масоили марбут ба иҷрои мувофиқаҳои зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ, ки дар ҳошияи Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ доир гардид, аз ҷумла масъалаи вобаста ба ҷалби сармояи мустақими Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо истифода аз имконоти хуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, самтҳои нави афзалиятноки ҳамкорӣ, инчунин тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ташкили пайвастаи анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва форумҳои тиҷоратиро бо иштироки доираи соҳибкорию сармоягузории ду давлат муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






