Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо эътирофи афзалияти баланди ҳифзи гуногунии биологии миллӣ дар минтақа яке аз аввалинҳо шуда, ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ дар соли 1997 ҳамроҳ шуд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи пленарии Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба гуногунии биологӣ (COP 16), ки дар шаҳри Калии Колумбия баргузор гардид, таъкид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Баҳодур Шерализода дар мавзуи «Тадбирҳои таъхирнопазир оид ба татбиқи чаҳорчӯбаи гуногунии биологии Кунмин Монреал» сухан намуда, гуфт, ки иродаи сиёсии Тоҷикистон, ки дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён ёфтаанд, тасдиқи садоқатмандии миллӣ дар ҳифзи сарватҳои табиӣ ҳамчун сарвати асосии рушди минбаъдаи устувор мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди устувор собитқадамона иқдом намуда, саъй дорад, ки афзалияти миллиро бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор мутобиқ созад. Дар ин замина иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва санадҳои он яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои моддии ҳифзи низомҳои пурарзиш, ҷузъҳои биологии онҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Бо дастгирии институтҳои байналмилалӣ ва шарикони рушди агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷатҳои бунёдии танзими амалҳо оид ба гуногунии биологӣ таҳия ва қабул шуданд. Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ ҳуҷҷати асосие аст, ки арзёбии ҳолати кунунии гуногунии биологӣ, таҳдидҳо, омилҳои таъсиррасонӣ ва самтҳои асосии стратегиро дар соҳаи ҳифз ва истифодаи устувор, дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ (ирсӣ) ва тақсими одилонаи фоидаҳо ба вуҷуд меорад.
Тоҷикистон бо таъкид бар уҳдадориҳои худ ба иқдоми ҷаҳонӣ дар заминаи ҳамоҳангсозии муносибатҳо байни табиат ва одамон ва саъй кардани саҳм дар татбиқи чаҳорчӯбаи ҷаҳонии гуногунии биологӣ Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалро оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ бо назардошти ҳадафҳои миллӣ таҷдид мекунад. Кор оид ба таҷдиди стратегия бо назардошти принсипҳои ҷалби шохаҳои ҳукумат ва тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ амалӣ мешавад. Ҳуҷҷати калидии миллӣ, ки ҳамчун дастури сиёсӣ барои татбиқи амалҳо дар соҳаи гуногунии биологӣ хизмат мекунад, ба қабул ва баррасии ҳуқуқҳои ҳама ҷонибҳои манфиатдор асос ёфта, ба эҷоди механизмҳои устувор ва созандаи ҳифзи сарватҳои биологӣ ва таъмини некуаҳволии аҳолӣ мусоидат мекунад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






