Ҷаласаи 51-уми Шурои бонкҳои марказии (миллии) Авруосиё баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон- «Маҷмааи Хуталон» ҷаласаи 51-уми Шурои бонкҳои марказии (миллии) Авруосиё баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа рoҳбарон ва намояндагони бонкҳои марказии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Бонки байнидавлатӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар доданд.
Зимни ҷаласа иштирокдорон оид ба масоили вазъи тавозуни пардохт ва динамикаи захираҳои байналмилалӣ, натиҷаҳои пурсиш оид ба суботи молиявӣ дар бахши бонкӣ, таҳлили муқоисавии фаъолияти танзимгарон дар самти ESG*, татбиқи самтҳои асосии стратегияҳои миллии дастрасии молиявӣ дар кишварҳои аъзо, таҳлили муқоисавии меъёрҳои асосии ташкилоти қарзӣ, фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсозии рушди низомҳои пардохти миллӣ, барномаи таълими касбии кормандони бонкҳои марказӣ, ҳисоботи кори Шурои машваратӣ оид ба фаъолияти аудитории бонкҳои марказӣ (миллӣ), фаъолияти Шурои машваратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва барномаи фаъолияти Шурои бонкҳои марказии (миллии) Авруосиё дар солҳои 2025-2026 мубодилаи афкор намуданд.
__________
ESG*— Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ. Он маҷмуи хусусияти идоракунии ширкате мебошад, ки бо ҷалби ширкатҳо ба ҳалли мушкилоти экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид






