Аз вилояти Хатлон зиёда аз 40 намуд маҳсулот содирот мешавад

Ноябрь 13, 2024 17:21

ДУШАНБЕ, 13.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз вилояти Хатлон ҳамасола ба беш аз 10 давлати хориҷи мамлакат зиёда аз 40 намуд маҳсулот содирот мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар ин давра ба воситаи гумруки вилояти Хатлон ба миқдори 16 ҳазору 96 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки 8 ҳазору 639 тоннаи онро пиёз, 258 тоннаро карам, 480 тоннаро лаблабу, 52 тоннаро кадуи сабз, 1 ҳазору 277 тоннаро писта, 40 тоннаро чормағзи заминӣ, 700 тоннаро ангур, 8,6 тоннаро сирпиёз, 572 тоннаро зардолу, 402 тоннаро тарбуз, 6 тоннаро харбуза, 52 тоннаро себ, 95,7 тоннаро шафтолу, 498 тоннаро тухми офтобпараст, 2281 тоннаро олу, 4 тоннаро лимӯ, 17,5 тоннаро қаламфур, 24 тоннаро нок ва 685 тоннаро меваи хушк (чормағз) ва 16 тоннаро мағзи писта ташкил медиҳад.

Маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба Покистон беш аз 6 ҳазор тонна, Қазоқистон зиёда аз 3 ҳазор тонна, Русия беш аз 3 ҳазор тонна, Узбекистон 773 тонна ва Беларус 76 тонна содирот шудааст.

Инчунин аз вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 296 ҳазору 389 тонна семент, 42 ҳазору 596 тонна нахи пахта, 2 ҳазору 604 тонна нуриҳои минералӣ, 7 ҳазору 46 тонна калобаи ресандагӣ ва 788 тонна гаҷкартон содирот гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки вилояти Хатлон бо беш аз 50 давлати хориҷи дуру наздик робитаи тиҷоратию иқтисодӣ барқарор намуда, ба вилоят аз 30 давлат сармоя ҷалб гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 13, 2024 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид