Барои шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Президенти Тоҷикистон хатсайрҳои нави сайёҳӣ ташкил шуданд

Ноябрь 13, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 13.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил  шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни баргузории хатсайрҳои сайёҳӣ иштирокчиён Осорхонаи даврони мактабии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ноҳияи Данғара ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд. Ҳамзамон  дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» филмҳои мустанади «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлати навини Тоҷикистон», «Марде аз сарнавишт» ва «Душанбе — нигини миллати тоҷик» намоиш дода шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва дар замири сокинони пойтахт ҷой намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузорӣ ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам тадбирҳои гуногун доир менамояд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ дар давраи давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамин, рушди босуботи мамлакат ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин ҳама аз салоҳиятнокӣ, фаъолияти босамар ва соҳибхирадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки хатсайрҳо  9 ноябр оғоз гардида, то 15 ноябри соли равон бо ҷалби роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ, ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 13, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад