«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, 27 нафар довталаб ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» гардида, ба 38 нафар занону духтарон барои иштироки фаъолона дар озмун Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Ҷойи якум дар байни занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳарак ва деҳот фаъолият намуда, собиқаи аз 2 то 5 сол доранд, ба Сафармо Исмоилзода, Дилрабо Каримӣ ва Садбарг Қудбиддинова; дар байни занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолият намуда, собиқаи аз 6 то 8 сол доранд, ба Ситора Худобахтчева, Адиба Абдуллозода, Суман Раҳмон; дар байни занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳарак ва деҳот фаъолият намуда, собиқаи зиёда аз 10 сол доранд, ба Гавҳар Одинаева, Гулбонуи Фазлиддин ва Шаҳло Назарова дода шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2024 аз шумораи умумии 18 ҳазору 374 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда 4719 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ аз шумораи умумии 5886 нафар 1203 нафар занон фаъолияти пурсамар доранд.
«Ин нишондиҳандаҳо дар татбиқи амалии барномаву стратегияҳои давлатӣ дар самти кор бо занон то соли 2030 қадами қатъӣ маҳсуб мешаванд», — гуфт Дилрабо Мансурӣ.
Таъкид гардид, ки озмун бо мақсади бештар таъмин намудани иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»- то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон баргузор шуд.
Озмун аз моҳи май то моҳи августи соли равон идома ёфта, ба даври ниҳоии он 65 нафар роҳхат гирифт. 38 нафари он аз мақомоти марказӣ ва 27 нафар аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот буданд.
Озмун байни занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, баргузор гардид.


Дар озмун хизматчиёни давлатие, ки собиқаи хизмати давлатии аз 2 то 5 сол ё собиқаи умумии меҳнатии аз 3 то 6 сол доштанд, аз 6 то 8 сол ё собиқаи умумии меҳнатии аз 7 то 9 сол доштанд ва беш аз 8 сол ё собиқаи умумии меҳнатии зиёда аз 10 сол доштанд, иштирок намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ба хотири тақвияти бештари мақоми зан дар ҷомеа ва дар доираи татбиқи нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва бо мақсади баланд бардоштани донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд






