Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд

Ноябрь 3, 2024 09:30

БОХТАР, 03.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, тибқи моддаи 6-и он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шудааст. Чунин иброз гардид зимни ифтитоҳи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади олии ҳуқуқии кишвар», ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Тавре дар ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 бахшида шуд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд.

Ҳамчунин иброз шуд, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин давоми мантиқии сиёсати давлату Ҳукумат баҳри рушди давлати мустақили миллӣ, пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ ва устуворгардонии пояҳои устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон доир ба Конститутсия ва низоми давлатдории муосири Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ андешаҳояшонро баён доштанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Ноябрь 3, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст