Дар деҳаи Шодмонқалъаи шаҳри Ваҳдат бинои нави муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
ВАҲДАТ, 03.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шодмонқалъаи Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Бинои кӯҳнаи муассиса аз замони пешин боқӣ монда, норасоии ҷойи нишаст яке аз мушкилоти асосии ин мактаб ба ҳисоб мерафт. Хушбахтона, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таълимӣ иборат аз ду ошёна ва 16 синфхона барои 480 хонанда дар як баст сохта шуд. Бино бо дастгирии молиявии собиқ хонандагони муассиса ва дастгирии сокинону соҳибкорон ба маблағи ду миллион сомонӣ сохта шуд. Он ҳамчунин бо таҷҳизоту аёнияти дарсӣ ва мизу курсии нав таъмин мебошад.
Сокинони шаҳри Ваҳдат сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ободии муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳу марказҳои саломатии деҳот ва мумфаршнамоии роҳҳои деҳаю маҳаллаҳо кӯшиш доранд. Зеро хуб медонанд, ки ободии Ватан аз ободии ҳар гӯшаи он оғоз меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






