Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми олии қонунбарори мамлакат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки шуруъ аз соли 1992 мардуми шарифи мамлакат ҳамасола бисту чоруми ноябр ҷашни яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлол – Парчами давлатиро дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хосса таҷлил мекунанд. «Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб рафта, рангу аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи мо мебошад»,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба рамзҳои муқаддаси миллӣ, аз ҷумла арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ таҷассуми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.
Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ – Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар байни мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд.
Таърихи ба даст овардани Парчами миллӣ дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ ба кору пайкори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд мебошад.
Воқеан ҳам Парчами давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандаи мардумро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи моро дубора зинда гардонад.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон- рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллӣ дар фазои осоиштаи мамлакат то абад парафшон ва илҳомбахши раванди неки созандагиву ободгаронаи Ватан бошад!
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия доир шуд
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд






