Дар шаҳри Будваи Черногория масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 8, 2024 10:09

ДУШАНБЕ, 08.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар нишасти вазирон таҳти унвони «Тадбирҳо оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар пасманзари хавфҳои тағйирёбанда», ки дар доираи Платформаи минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказӣ вобаста ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (ECARRDS-2024) дар шаҳри Будваи Черногория доир шуд, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишаст масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаи қолабии Сендай, маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва иқлимӣ, ҷалби ҳамаҷонибаи тарафҳои манфиатдор бо мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, табодули иттилоот оид ба ҳолатҳои фавқулода, баланд бардоштани иқтидору таъминоти моддию техникии давлатҳои аъзо ва расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида баррасӣ гардид.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода дар ҷаласа иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо даъват ба амал овардаанд, ки ҷомеаи ҷаҳонро зарур аст барои ҳалли мушкилоти экологӣ тадбирҳои муштаракро таҳия ва сари вақт амалӣ созад.

«Эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи ташаббус ва пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид онро дастгирӣ намуданд»,- ёдоварӣ гардид дар нишасти вазирон доир ба «Тадбирҳо оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар пасманзари хавфҳои тағйирёбанда».

Инчунин дар доираи нишаст Рустам Назарзода бо намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ Камол Кишор ва роҳбари Дафтари минтақавии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба офатҳои табиӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Наталя Алонсо вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо барои фаъолияти муштарак ва саҳмгузорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ибрози назар намуда, барои ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт якчанд пешниҳод манзур намуданд.

Ёдовар мешавем, ки нишасти вазирон аз 6 то 8 ноябр идома меёбад. Дар назар аст, ки имрӯз масъалаҳои ҳамкории мутақобили давлатҳои аъзо дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ гарданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 8, 2024 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд