Дар шаҳри Хуҷанд масъалаи истеҳсоли неруи барқ бо коркарди партов баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо гурӯҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаи истеҳсоли неруи барқ бо коркарди партов дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Зимни мулоқот роҳбари вилоят доир ба имконияти мавҷуда дар вилояти Суғд маълумот дода, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо сармоягузорон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст. Вилояти Суғд барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ метавонад бо шарикони хориҷӣ ҳамкории самарабахш намояд.
Соҳибкорони тоҷик бо соҳибкорони Чин ҳамкории хубу густурда дошта, дар айни замон дар вилоят лоиҳаҳои гуногун амалӣ мешаванд.
Ҷониби Чин иброз доштанд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавлиди энергияи «сабз» таҷрибаи калон доранд ва дар ин самт метавонанд ҳамкорӣ намоянд. Ба таъкиди сармоягузорони чинӣ, ширкати онҳо бо истифода аз илму фани замони муосир аз боду Офтоб ва коркарди партовҳо неруи барқ истеҳсол менамояд ва ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд.
Баъди мубодилаи афкор ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки масъалаи истеҳсоли неруи барқ бо коркарди партов дар шаҳри Хуҷанд мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






