Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар доираи сафари Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бинои нави филиали Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» иттилоъ доданд.
Бинои нави филиали Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо таҷҳизоти кории мутобиқ ба талаботи муосир барои фаъолияти босамари кормандон мутобиқ гардонида шудааст. Аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 18 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.
Филиали «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон моҳи декабри соли 2021 ифтитоҳ гардида, то ин дам дар бинои иҷора фаъолият менамуд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»












Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд






