Дар шаҳри Левакант корхонаи коркарди пахта мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Абдуллоҷон» мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корхонаи коркарду истеҳсоли пахта иқтидор дорад, ки дар як сол аз 15 то 20 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 25 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ коркард намояд. Дар корхона нахи пахта, бинт ва пунбадона истеҳсол мешавад.
Кормандони корхона бо беш аз ду ҳазор сомонӣ музди меҳнати миёна, се вақт хӯроки гарм ва нақлиёт барои бурдану овардан таъмин карда мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






