Дар «Тоҷикаэронавигатсия» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро муқаррар намуда, роҳи минбаъдаи рушд ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар арсаи ҷомеаи мутамаддин низ муайян намуд. Чунин гуфт зимни ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Раҳимҷон Саидов.
Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи тантанавӣ судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳ Қувватзода доир ба нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ибрози назар намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминкунандаи ҳаёти осуда дар мамлакат буда, дар асоси ислоҳоти конститутсионие, ки бо изҳори иродаи якдилонаи кулли мардум
тавассути райъпурсии умумихалқӣ давра ба давра гузаронида шуд, парламентаризми миллӣ рушд кард. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои калидии рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа боз ҳам устувор шуд.
Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа доир ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсис ва соҳибистиқлолии мамлакат, нақши Пешвои миллат дар таъмини волоияти қонун ва таъмини озодии шаҳрвандон ибрози назар намуданд.
Конститутсия дар давраи ноороми таърихӣ ба маркази ҳаракатдиҳандаи қувваҳои солим табдил ёфта, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ намуд. Чунин қувваҳои созанда ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ ба амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузоштанд. То имрӯз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат д игаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ меоянд, ки ҳамаи онҳо аз самараи Конститутсия мебошанд. Дар он якчанд арзишҳои бузурги миллию демократии сохтори конститутсионӣ, ба монанди соҳибихтиёрӣ, мустақилият, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он таҷассум ёфтааст.
Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи ёдбуди таърихӣ аст, балки имконияти хуб барои баҳогузории дастовардҳои давлати миллӣ ва муайян намудани самтҳои рушди ояндаи мамлакат аст. Ин ҷашн фурсатест барои таҳкими ҳамбастагии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва бознигарии нақши Конститутсия дар рушди устувори ҷомеа. Инчунин гуфта шуд, ки ки Конститутсия истиқлоли давлатиро ба расмият дароварда, дурнамои рушди ҷомеаи навинро муайян карда, бунёди ҳуқуқие ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин намояд.
Маҳз Конститутсия ба мо имкон дод, ки мо имрӯз дар ҷомеаи феълӣ озодона фаъолият намоем. Бо мақсади ҳифзи истиқлоли озодӣ, амнияти ҷомеа, таъмини суботи сиёсӣ мо бояд муттаҳиду сарҷамъ буда, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтирому посдории рукнҳои давлатӣ тарбия намоем.
АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»








Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»
ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд






