Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 29, 2024 11:08

ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии академик Аҳрор Мухторов дар мавзуи «Нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар ҷумҳурӣ 100-солагии таърихшиноси маъруфи тоҷик, академик Аҳрор Мухторов таҷлил мегардад, ки ҷамъомади имрӯза яке аз онҳо мебошад.

Муовини ректор оид ба илми донишгоҳ Фирӯз Қодиров гуфт, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар меҳвари он эҳтиром ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат қарор дорад, соли равон 100-солагии зодрӯзи муаррихи маъруф, академик Аҳрор Мухторов ҷашн гирифта мешавад. Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки олимону шоирон, адибону нависандагон ва муҳаққиқон бо маҳсули эҷоди худ ба арсаи таърих ворид шуда, номбардори миллат гаштаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик олими пурмаҳсул, донишманди таҷрибадор ва таърихнигори машҳури тоҷик, катибашинос, академик Аҳрор Мухторов мебошад, ки дар илми таърих ва омӯзиши ёдгориҳои катибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир гузоштааст.

Дотсенти  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,  шогирди Аҳрор Мухторов Шавкатҷон Шарипов изҳор дошт, ки шодравон Аҳрор Мухторов яке аз симоҳои барҷастаи таърихи миллати тоҷик буда, дар таҳқиқу омӯзиши таърих ва тамаддуни тоҷикон саҳми босазо гузоштааст.

Аҳрор Мухторов поягузори мактаби илмии катибашиносӣ, сарчашмашиносӣ, васиқашиносӣ, истаравшаншиносӣ ва ғафуровшиносии тоҷик буда, ба қалами ин олими сермаҳсул беш аз 600 таҳқиқоти бунёдӣ, рисолаҳо, китобҳо ва мақолаҳои илмӣ мансубанд. Ба туфайли заҳмату корномаи илмии ин олими барҷаста дар Тоҷикистон ва берун аз он қариб 2 ҳазор катибаҳои рӯи санг, беш аз 7 ҳазор васиқаҳои асримиёнагӣ ва садҳо китоби қаламӣ – дастнависҳои нодир ҷустуҷӯ, дарёфт ва ҷамъоварӣ шудаанд, ки барои омӯзиши таърихи давраи қадим, асри миёна ва навини тоҷикон сарчашмаҳои пурарзиш ва нодир маҳсуб мешаванд.

Дар ҳамоиш мудири китобхона-осорхонаи ба номи академик Аҳрор Мухторов дар шаҳри Истаравшан, духтари Аҳрор Мухторов Саодат Мухторова аз ҳаёту фаъолияти падар қиссаҳои ҷолиб карда, ёдовар шуд, ки кору пайкори ин шахсияти бузург дар таърихи илми тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Дар ҳамоиш устодони донишгоҳ аз хизматҳои бузурги шодравон Аҳрор Мухторов ёдовар шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2024 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад